Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

хиради роҳбарӣ, шуҷоатмандию мардонагӣ, қобилияти баланди илоҳии вазифадорӣ ва футувватмандию нотакрории хислати инсонпарастии хешро ба харҷ дода, нерӯи солиму пешбарандаи фарзандони боору номуси кишварро барои фардои озоду осоишта ва «Зиндагонии хуб» сарбаландона ҳидоят намуда истодаанд.

Баъди мақоми қонунӣ гирифтани сохтори идоравии мамлакат, Эмомалӣ Раҳмонов соли 1995 барномаи «Ислоҳоти иқтисодӣ»-ро пешкаш намуданд, ки мақсади асосиаш таъмини инкишофи иқтисодии мамлакат бо роҳи ташкили тарзи иқтисоди бозорӣ буда, барои Тоҷикистонро ба қатори дигар мамлакатҳои инкишофёфтаи иқтисодӣ расонидан саҳми беандоза дорад.

Барои расидан ба ин мақсад кори хеле пурмашаққату мураккаберо оид ба дигаргунсозии сохтори маъмурии идорӣ, хусусигардонии моликият, ташкили сохторҳо ва институтҳои нави иқтисодию молиявӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ ва гирифтани қарзҳои байналхалқӣ, гузаштан ба нархи озоди бозории фурӯши молҳо ва якчанд дигар фаъолиятҳои иқтисодию иҷтимоиро ба анҷом расонидан шарти зарурӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Хусусигардонии аксари корхонаҳои давлатӣ дар мамлакат, ташкили шаклҳои гуногуни корхонаҳо ва вобаста ба ин пайдоиши моликияти ғайридавлатӣ ва соҳибкорони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, инчунин, ба деҳқонони мамлакат тақсим кардани зиёда аз 75 ҳазор гектар замин, қадамҳои аввалини хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмонов оид ба рушди иқтисодии мамлакат мебошад. Дигар раванди ин фаъолият он мебошад, ки дар Тоҷикистон қоидаи иқтисодии дарҳои кушод эълон шудааст ва имрӯзҳо мо тоҷикон ба зиёда аз 120 давлати ҷаҳон муомилоти молию пулӣ дошта, дар мамлакати мо аллакай зиёда аз 300 корхонаҳое фаъолият менамоянд, ки бо молиягузории хориҷӣ ташкил карда шудаанд ва дар ғанӣ гардонидани бозори дохилии мамлакат ва бо ҷои корӣ таъмин намудани аҳолӣ мақоми арзандаро соҳибанд.

Дар натиҷаи чунин як сиёсати хирадмандонаи иқтисодии Эмомалӣ Раҳмонов ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилаи мамлакат соле ба 7-8% зиёд гашта, суръати таваррум хеле паст гашта, ба 7-7,5% расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи назарраси иқтисодӣ буда, барои таъмини рушди босуботи иқтисодии мамлакат шароити муфидро фароҳам овардааст. Яъне имрӯз бо

пешина
аз 566
навбатӣ