Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муқаддас дониста, хирадмандона ва самаранок истифода карда, барои насли ояндаи миллати тоҷик шароити хуби зиндагонӣ боқӣ гузорем.

Илова бар ин, бо гиромидошти муқаддасоти миллӣ, авлоду аҷдод ва пирони худ, хирадмандона сарварии рушди босуботи инкишофи менеджментро таъмин созем, чунки ҷисми инсонҳо аз дунё гузашта, рӯҳу хотир ва дониши онҳо боз дар ин сарзамин боқӣ монда, дар инкишофи ақлонии шахсиятҳои худогоҳ кӯмак намуда, меҳрубонии худро боз идома медиҳанд.

Ҳар яки мову шумо вақте, ки аз ҳолати вазнине бо дастгирии кадом қувваи илоҳӣ халос мешавем, худ ба худ андеша менамоем, ки кадом арвоҳи бузурге пуштибонамон будааст, ки зинда мондем ва аз ин даҳшат халос ёфтем. Дар ҳақиқати ҳол, ин ҳодисаҳо ҳазорон маротиба дар ҳаёти одамон такрор шудаанд ва мо бояд имрӯз пурра ба дастгирии ин қувваи илоҳии бузургони худ боварӣ дошта бошем ва дилпурона ба корҳои хайри созандагӣ қадам бимонем.

Дар ин роҳ моро набояд ягон мушкилоти зиндагӣ хотирпарешон созад ва аз роҳи асосии худ хирадмандии сарварӣ дар бунёди давлати миллии Тоҷикистон боздорад, чунки ин хоҳиш хоҳиши илоҳӣ буда, созанда, барпокунанда ва таъминкунандаи зиндагонии хуби инсонӣ мебошад. Дар навбати худ хоҳиши дили ҳар як инсони солимақл аст ва дар ҷое, ки хоҳиши дил асту ҷонфидоист, он ҷо меҳр аст, муҳаббат аст, қувват аст ва нур асту равшанӣ ва пешравию инкишоф.

Оид ба таҷрибаи нотакрори давлату давлатдорӣ ва мактаби бузурги хираду пешвоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонов мо дар қисми 2-3-юми менеджмент гуфта гузаштаем.

Дар қисми чоруми китоби менеджмент, ки «Хиради роҳбарӣ» номгузорӣ шудааст, мо дар сар то сари китоби менеджмент оид ба иқдоми хирадмандона ва мақсадҳои стратегии роҳбарӣ, хислатҳои наҷибу қонуниятҳои хиради роҳбарӣ ва давлату миллатсозандагие, ки ин шахсияти таърихӣ Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳанд дар оянда амалӣ гардонанд, сухан гуфта, пешниҳодҳои мушаххас ва хулосаҳои илмии худ ва бузургонро овардаем.

Ба хонандаи азиз ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идораии мамлакат муроҷиат карда, даъват менамоем, ки аз меваҳои ширини ин боғи хирад самараноқ истифода бурда, бо амалӣ сохтани қобилияти зеҳнии худ онҳо низ дар

пешина
аз 566
навбатӣ