Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

44.1. Нақши мутафаккирони тоҷик дар пайдоиш ва
ташаккули илми хиради роҳбарӣ аз Ориён то Сомониён

Хонандагони азиз, аз боби аввали китоб пай бурбед ва таърихи зиёда аз 7000 солаи башарият гувоҳ аст, ки аввалин поягузорони хиради роҳбарӣ, адлу инсофи ҷаҳон шоҳону амирон, олимону донишмандони форсу тоҷик мебошанд.
Аз ин нуктаи назар мо итминони комил дорем, ки мавзуъҳои муҳими хирадмандӣ, ки манбаъҳои илмӣ ва қонунияти рушду таҳаввули худро ҳанӯз аз замонҳои қадим дар асарҳои барҷастаи аҷдодони мо - тоҷикон пурра инъикос ёфтаанд, дар омӯзиши фанни менеҷменти муосир ҳамчун анъанаи устувор пойдевори ягонаи назариявӣ буда, дар асри XXI барои тамоми ҷаҳониён роҳнамои бузург мегарданд. Албатта, асосҳои назариявии рафтори ҳамидаи роҳбарӣ, адлу адолатпарастӣ, ростқавлию поктинатӣ, ҳалолкорию парҳезкорӣ, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, некбинию некхоҳӣ, баробарию бародарӣ, мурувват ва худифодагарӣ, хирадмандию хештаншиносӣ, фикрронии ақлонӣ ва пешгӯиҳои ҳиссию фаросатӣ, мавзуъҳое мебошанд, ки мо мехоҳем дар ин бахши китобамон ба Шумо хонандагони азиз аз ашъори донишмандону хирадмандони тоҷик ба тариқи гулчин пешниҳод намоем.

Дар пешниҳоди ин ганҷинаи хирад мо пайдарпайии таърихиро ба инобат гирифта, осори ин донишмандонро аз рӯи санаҳои таърихӣ ва замоне ки ин бузургон умр ба сар бурдаанд, овардаем. Оид ба бартарии мантиқӣ ва илмию касбиашон бошад, мо боварӣ дорем, ки ҳар фарди соҳибақл маводи заруриро худаш пайдо намуда, мавриди омӯзиш қарор медиҳад, хулосаи мушаххас мебарорад ва дар зиндагии хеш онро пурмасар истифода менамояд.

Мо танҳо бароитон таъкид кардани ҳастем, ки маърифат чашмаи поку зулол аст ва бояд ҳукму фармону қарори ҳар як роҳбар ва тамоми инсоният ҳамеша аз ин сарчашмаи нодир бархӯрдор бошад. Он гоҳ Худо хоҳад фатҳу зафар дар мақсаду мароми роҳбарӣ, файзу баракат дар хонадони Шумо ва номи неки инсониятон дар тӯли ҳаворсолаҳо пойдор мемонад, чунки Худованди барҳақ, имону тақво, саломатии комил, шарму ҳаё, хайру сахо, адлу инсоф ва илму ақли расоро фақат барои инсони хушбахт ато кардааст.

пешина
аз 566
навбатӣ