Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
пирояҳо ороста, ба такрор ба мардум талқин менамуданд ва ба завқи онҳо дар ҳамон замонҳое созгор сохтаанд.
Панду андарзҳое, ки аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (дуруд ба ӯ) нақл
шуда ва ба унвони «ҳадис» машҳуранд, дар аҳкоми шариат баъди фармудаҳои
Қуръони маҷид, яъне каломи Худованд мартаба доранд, ва аз бунёди ойини
ислом то имрӯз истифодаю ривоят шудаанд. Мо низ умед дорем, ки овардани
гулчине аз ин ҳадисҳо оид ба хираду хирадмандӣ барои пурэъҷоз кардани фаҳмиши
хонандагон мақоми арзандаро соҳиб мегарданд: 1
-
Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр бошад.
-
Бидонед: шунавотарин гӯш он аст, ки барои бедории дил сухан фаро гирад.
-
Бидонед: қаноат ва тасаллут (ғолибият) бар шаҳват бузургтарин покдоманӣ ва тақвост.
-
Бидонед: хирадманд он аст, ки бо фикри соҳиб ва пешбинии комил ба корҳо рӯбарӯ шавад.
-
Бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз омӯхтан шарм кунад, ки қиммати ҳар кас ба қадри маълумоти ӯст.
-
Некӯ суол кардан нисфи илм аст.
-
Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд гирад.
-
Олимон дар миёни халқ амини (амонатдори) Худоянд.
-
Биҳишт зери қадами модарон аст.
-
Илм дӯсти мӯъмин асту ҳилм мададгор ва ақл роҳнамову амал пешрав ва мадоро падари неку бародар ва сабр амири лашкараш.
-
Мӯъмин камхарҷ аст.
-
Накӯкорони дунё накӯкорони охиратанд...
-
Ҳар ки илм талаб кунад, Худо ризқашро кафолат кунад.
-
Талаби илм барои ҳар марди мусулмон ва зани мусулмон фарз аст.
-
Беҳтарини шумо касест, ки шуморо ба кори хайр даъват кунад.
-
Илмро бо навиштан маҳор кунед. (яъне, бубандед.)
-
Ҳақро бигӯ, агарчӣ талх аст.
-
Бар аҳли хонаат салом кун, то баракати хона зиёд гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё