Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

оятҳои Қуръон ин нукта гуфта шудааст: «Қасам ба номи осмони чарҳзананда» (сураи «Шаби меҳроҷ», 86: 11.)

Ё ин ки дар ояте оиди 7 қабати замину осмон ва захираҳои заминӣ омадааст: «Ӯ — ҳамонест, ки барои таъмини талаботи шумо бандагон ҳама чизро дар замин офарида аст. Баъдан Ӯ ҳафт табақи осмонро офарид. Дар ҳақиқат Ӯ баъдан дигар чизҳоро офаридааст». (Сураи «Бақара», 2: 29.). Бояд гуфт, ки исботи мавҷуд будани ҳафт қабати замину осмонро олимон - ситорашиносон танҳо бо пуррагӣ дар асри ХХ исбот намуданд.

Хонандаи азиз мақсади овардани Қуръони Шариф дар ин мавзӯъ ба он хотир мебошад, ки мо бояд Қуръонро ҳамчун як китоби бузурги Хирадмандӣ омӯхта, аз ганҷинаи волои хиради он бохабар гардем, то дар фаъолияти роҳбарӣ ва умуман дар ҳаёти ҳамарӯзаамон онро ҳамчун сармашқи кор ва зиндагии худ истифода карда тавонем, чунки ҳар як фарди мусулмон медонад, ки одамӣ дар ҳар як қадами худ ба хатое роҳ медиҳад. Худованд инсонро дар ин дунё барои санҷиш офаридааст ва танҳо бо роҳи донистан ва дарки гуноҳҳои худ инсон метавонад онро ислоҳ карда, аз ҳақиқат огоҳӣ ёбад.

Аз ин ҷост, ки дар дили мусулмони асил доимо раҳму шафқат ҳукмфармост. Инчунин, мусулмонон бе ягон дудилагӣ қобилияти бахшиши гуноҳҳои дигаронро доранд, ҳатто дар ҳолате, ки мардум зид ҳам бошанд. Дар бахшоиши гуноҳҳо, онҳоро ба сағираву кабира ҷудо намекунанд. Аҳли ислом боварии қавӣ доранд, ки тамоми ҳодисаҳо дар ҳаёти ҳар яки мо бо хости Худованд ба вуқӯъ мепайвандад. Бинобар ин, дар тамоми давраҳои бурду бохти зиндагӣ пурсабру тоқат буда, такя ба Худованди бахшоянда ва меҳрубон карда, дар дил кинавӣ ё касде ба дигаре надоранд.

Хонандаи азиз, мо барои тақвияти андешаҳои хеш чанде аз ҳадисҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (дуруд ба ӯ) ва суханони мардони бузургро оид ба ин китоби Шариф ба Шумо пешниҳод менамоем. Чуноне ки дар Қуръони маҷид, сураи Наҳл, ояти 129 мефармоянд: «Эй Расули ман, мардумро ба сӯи Худои худ бо ҳикмат ва мавъизаи некӯ даъват кун ва ба беҳтарин роҳи даъват бо онон мунозара кун».

Дар ҳақиқат, дар ҳар давру замон бузургтарин соҳибони ин илм паёмбарон буданд, ки баъд донишмандону суханварони ҳаким пандҳои эшонро бо зеботарин

пешина
аз 566
навбатӣ