Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

бардошта, хоки пуштаро афшонда ба сари зонунам гирифтам. — Чӣ мехоҳӣ?
— Ягон чиз те...
— Чӣ-й?
— Нон...
Пушаймон шудам, ки мани содда чаро хости дили вайро пурсидам. Ба ҷои ин ба бозӣ овора карда, монда гурезаму ба назараш нанамоям, беҳтар буд.
— Нон? Нон дар нондон, калидаш дар осмон, — Ин ҷавоби киноядори маро, аз афташ, Фаттоҳҷон ҳам нафаҳмид, ки ҳуши вай ҳам ба як луқма нон рафта, даррав аз баҳри бозӣ баромаду худро гурба барин ба китфам совид.
— Ман ҳам гурусна, апаҷон.
Хориам омад. Шиками худам ҳам, ба қавли модарам, танбӯр менавохт. Ҳис кардам, ки ҳозир дар назди ин бачаҳо сустию раҳмдилӣ кунам, ҳарду домани гирьяро сар медиҳанду маро тала мекунанд. Коре кардан даркор, ки ба онҳо сахт расад ҳам, фақат овоз набароранд.
— Гурусна бошед, ман чӣ кор кунам? Ман нон нестам, ки худамро тақсим карда диҳам...
Онҳо ҳарчанд хурданд, таги гапро мефаҳманд. Ҷаҳонтоб пушти даст газида, оҳиста аз бағалам фуромад. Фаттоҳҷон, ки мӯямро сахт ғиҷим ва кашола мекард, сар дода аз дасти Ҷаҳонтоб кашид ва ба ҷои бозӣ бурд. Баъди дур шудани онҳо худдорӣ карда натавониста гиристам. Косаи чашмам шикаст магар, ки ашки сӯзон ба сари зонуям чакидан гирифт. Комила, ки аз тарафи майдон чизе хоида ба ҷониби мо меомад, маро дида ҳайрон шуд.
— Ҳа, чаро миҷ-миҷ гирья мекунӣ? — аз дур пурсид ӯ, дурраи фарангашро саҳле ба пешонӣ фуроварда. Худи мазоҳ кардагӣ барин механдид, ки ғашам омад. Бо алам ҷавоб додам:
— Худат медонӣ, ки дар ин шабу рӯз одам барои чӣ гирья мекунад?
Ҷавоби ин савол бароиш малол омад, гашта рафт. Аҷаб кард, ки рафт. Агар уқоҳоям даҳони ҷунбони ӯро бинанд, бадтар гурусна мемонанд.
Бачаҳо ба суфаи лаби ҳавзча рафта, ғибир-ғибир гапзанон овораи бозӣ шуданд. Бозӣ?! Ман ҳанӯз хурдсол бошам ҳам, одамони калонсол барин аз ду чиз меранҷам:

пешина
аз 37
навбатӣ