Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

аз бозӣ ва аз ҷанг! Ҳамин бозиҳои ошпазиву нонпазиро кадом одам, кадом вақт хаёл карда ёфта бошад? Аз лой нонӣ созӣ, шикамат даррав гурусна мемонад ва ба пешӣ назарат нони гарми аз танӯр канда менамояд: аз хоки замин шавла пазӣ, дил даррав ба оши палави серравған гум мезанад. Ин ҷиҳати бозиҳо ганда. Лекин ҷиҳатҳои нағз ҳам доранд ин бозиҳо. Ҳусусан ҳозир, дар вақти ҷанг, барои мо барин бачаҳо ин бозиҳо аз бозиҳои дигар шавқовар менамоянд. Ба хоколуд шудани сару рӯй, лойолуд шудани куртачаю эзорҷаҳо нигоҳ накарда, ҳамин ки вақти холӣ ёфтем, ба лаби ҳавзча медавем.

Лекин модарам мегӯяд, ки бозӣ ба ҳаддаш дия, бачаҷонҳо, бозии бисёр охир хафа мекунад. Гапаш рост. Ана имрӯз тасдиқ шуд. Модарам пагоҳӣ таги сурфаро тарошида аз гарди орду ғурӯшаҳои шахшудамондаи хамири кӯҳна ду кафлес атола ба мо хӯронда, худ ба кор шитофт. Ман дегу табақро шуста шуда бинам, ки укоҳоям дар лаби сурфа: яке хок тӯб мекунаду дигаре сурфа мекушояд.

«Ман ҳамиё мегиям», — мегуфт Ҷаҳонтоб бинӣ кашида.

«Ман ба танӯй оташ мемонам», — мегуфт Фаттоҳҷон ҳарфи «р»-ро ба «й» бадал карда ва эзорчаи фаромадаашро бо як даст бардошта.

Вай ба танӯрчаи гилӣ хасу ҳезумчаҳо мегузошт.

Завқ карда хандида, ба наздашон рафтам, Ҷаҳонтоб аз ҷой қадре ғеҷида аз паҳлуяш барои ман ҷо дод. Ман зувораи лойхамири ӯро калонтар карда гуфтам:

«Қирои оворагӣ нонҳои калон паздия».

«Ҳа, нонамон бисёр шавад, ба ҳамсояҳо медиҳем», — даррав маслиҳат дод Фаттоҳҷон. Вай ба мо об ва аз хок намақ ҳам оварда дод. Ҳарсе ба обу арақ ғӯтида «нон» сохтем.

«Ана, ин зағораи пиёздор», — гуфт Ҷаҳонтоб.

«Ман фатири ҷаззадора нағз мебинам», — аз кораш хурсанд мад кашид Фаттоҳҷон.

Нонҳоро тунук карда, ба рӯяшон аз хок сиёҳдонаю тухми кунҷит пошида нонпар зада, ба танӯри лойин часпондем. Нонҳои лола барин суп-сурхро канда ба сабатчаҳо андохтем. Акнун барои мазза карда хӯрдан ҳамагӣ як коса оби чӯй даркор буд. Агар нони мо нони ҳақиқӣ мешуд, ёфтани об ҳеҷ гап набуд. Укоҳоям сари

пешина
аз 37
навбатӣ