Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

КӯдаконАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

мешуд! Афсӯс, ки ҳамин хел намешавад! Чӣ кор кунам? Боз ба хӯшачинӣ равам? Ба кадом ғаллазор равам? Оё ғаллаи хирманҷоро бардошта бошанд? Агар бардошта бошанд, хокашро меғундоштаму бод мекардам, донаш ҷудо мешуд.

Ин фикру хаёлҳо маро тамоман бесаранҷом карданд. Як чизамро гум кардагӣ барин токҷаю рафҳоро кофтам, ба даруни косаву табақ даст андохта дидам. Ногоҳ даруни хурма шилдирос зад. Бинам, ки як каф маккаи биръён. Эҳ, чӣ хел нағз! Модарам мегуфт, ки ту, Мисқолҷон, бачаи бабахт ҳастӣ, гапаш рост будааст. Маккаи биръёнро ба укоҳоям тақсим карда додам. Аз шодӣ ҳай ҷасту хез карданд! Ҷаҳончаи чирқинак аз рӯям бӯса кард. Фаттоҳи каттача мӯямро сила намуд. Оҳи дил андаке сабук гардид. Аммо ин макка ҳанӯз илоҷи халосӣ набуд.

Имшаб ба дег чӣ меандозем? Фардо чӣ мехӯрем? Ба умед хонаю анбор ва оғилро кофтан гирифтам. Охир модарам ҳар бор чизе намонд гуфта, ғусса мехӯрду охир ягон чиз меёфт. Пас ман чаро наёбам? Лингаву чуволҳо чаппа афшонда шуда буданд. Чашмам ба хӯрҷини тори боло афтид, ки варам барин менамуд. Сандалиро ба таги по гузошта баромада бинам, ки ғалла. Ба чашмам бовар накардам. Ним чашми хӯрҷин маккаву ҷуворӣ, арзани ба ҳам омехта. Ин албатта еми ягон мол будагӣ, лекин мо ҳозир на буз дорему на бузғола. Ҳамаашро кайҳо фурӯхта хӯрдаем. Аз ғалла чӣ тавр хӯрок мепазем? Дар ӯғур кӯфтан даркор? Ба ӯғур дастам базӯр мерасад. Кӯбакашро бардошта наметавонам. Орд кунем-чӣ? Осиё барам?

Хӯрҷинро ба китф партофтаму ба бачаҳо гуфтам:
— Ман ҳозир меоям, аз ҳавлӣ набароед.

Ҷаҳонтоб аз доманам кашид:
— Куҷо меравӣ? Ман ҳам меравам.
— Не, ту камеравӣ, — дасташро аз доман канда партофтам. — Ту ҳам равӣ, саг мегазад. Ман нон меорам. Фаҳмидӣ, Нон!.
— Нон? Дурӯғ мегӯӣ, — Фаттоҳ ба ман бовар накарда уреб-уреб нигарист.

Хӯрҷинро таҳ карда ба сар монда, ба роҳ баромадам. Ғалла бисёр набошад ҳам, ба назар сар маҷақ, гардан каҷ ва миёнам дуқат мешуд. Поям ба поям мепечид. Дар пастию баландиҳо дакка хӯрда, ба хоку

пешина
аз 37
навбатӣ