Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷанг жӯлида дар роҳҳо аз ҳамлаи сағҳои дайду базӯр халос хӯрда, лаб-лаби ҷӯй ба осиё расидам. Оби осиё аз новаи баланд ба чуқурии тақрибан ба як қади бед баробар гулдурос зада фуромада, кафк зада, ҷӯйро пур карда мерафт. Бӯи форами орди гарм ба димогам зад, дилам беҳол шуд. Аз даруни осиё садои гардиши вазнини санг ба гӯш мерасид. Ман борамро аз сар гирифтанӣ шуда онро партофта фиристодам, хайрият, ки хӯрчин накафид.

— Биё, як ту кам будӣ, — гуфт касе аз дарун.

Арақи рӯямро пок карда, дар рӯ ба рӯ Комиларо дидам, ки як нӯги дурраи фарангашро газида меистод.

— Бори ту канӣ? — пурсидам аз вай.

— Дар сари дӯл, — фиребгарона хандид.

— Чӣ овардӣ?

— Гандум!

— Гандум? Аз куҷо ёфтӣ?

— Ба дузд мол қаҳат не.

— Сафсата нахон!

— Рости гап, аз хирмани колхоз чапғалат карда гирифтам. Чӣ алам мекунад? Аз ғаллаи коштаи падарам.

Хӯрцинро ба замин гузоштам. Вай аз дастам кашола кард:

— Ту акнун ба ман ёрӣ деҳ!

Мо ба пеши зинапоя рафтем. Аз рӯбарӯ ҳамон амаки чӯлоқ баромад, ки дар таги даст асобағал саропо арақшор шуда даҳони халтаи ордро бо дандон газида ба боло кашола мекард. Ман гӯё болои дуздӣ ба даст афтода бошам, лаҳзае карахт шудам.

— Аз миёни роҳ гурез! — гуфт амак, ки ҳоло ба ҷои осиёбони ба ҷанг рафта истода, зӯр зада лингаро ваҷаб ба ваҷаб ба боло кашола мекард.

«Ман адо, — гуфтам ҳамон замон ба дилам, — акнун ин амаки чӯлоқ ғаллаамро орд карда намедиҳад». Вале хайрият, ки паи ин фикр фикри дигаре ба майна зад: «Ба ӯ мадад кун». Давида рафта аз пушти линга ба пеш тела додам.

— Боракалло. Лекин зӯр назан, ки маъюб мешавӣ, духтарам, — гуфт амак ҳарсас зада. Вай як пояшро тиргаку гарданашро рост карда, лингаи пурборро чунон таконе дод, ки аз замин канда шуда ним қадам ба пеш рафта фаромад. Ниҳоят, лингаи ордро ба

пешина
аз 37
навбатӣ