Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
Вай домани куртаашро бардошта нифа карду бо миён хамида ба роҳ даромад. Сатанги ситабр! Ҳамин қадар орд дораду боз ғами бисота мехӯрад-а?
Ман гумон карда будам, ки Сӯфиҷон ғаллаашро ба дӯл андохт. Гумонам хато баромад. Дар лаби ҳама нишаста, орди ғаллаи омехтаи маро ба хӯрчин меандохт.
— Чаро навбати худатро гузарондӣ? — пурсидам аз вай. Ҳарчанд, ки инро аз таҳи дил мехостам, аммо табиист: ин рафтори неки ӯро дида меҳрам меафзуд.
— Охир, ту рӯзи дароз нигарони ин навбат будӣ?
— Гапа накоб, Мисқол, — гуфт ӯ ба нӯги бининам навозишкорона як хӯпоқ зада. — Беҳтараш, ки бинета пок кун.
Нӯги бинии ман сафед шуда буд, ки онро даррав пок кардам.
Сӯфиҷон даҳони хӯрчинро басту бардошта ба сарам гузошт ва ба китфам якто зада:
— Марш! — гуфт. — Ба қафоят нигоҳ накарда дав.
Шодии ман ҳадду канор надошт. Орд гарм ва вазнин бошад ҳам, ба сарам мулоим мерасид. Ман, ки қариб ба хона мерасидам, дар роҳ ҷо ба ҷо истодам. Ҳаққи осиёро надода будам. Бозгашт ба осиё омадам. Амаки чӯлоқ чой мехӯрд. Сӯфиҷон наменамуд.
— Ҳа, ту ҳоло ҳам ҳамин ҷо? — хавотир шуда пурсид амак.
— Аз ман ҳаққи осиё гиред, амак, — ва хӯрчинро ба замин гузошта даҳонашро кушодам. Вай ранҷидагӣ барин сурфа карду як нони зағора дод.
— Сафари дигар мегирам, духтарам, имшаб колхоз ғалла медиҳад. Сафари дигар биёр, ана сонӣ...
Ба вуҷудам қувваи нав даромад. Пойҳоям медавиданд. Сарам, бағалам гарм буд. Дар майнаам кадом як сӯанги шӯхи рақс ҷавлон мезад. Ба ҳавлӣ расидам. Уқоҳоям на парвои орд доштанду на парвои нон, ҳарду баробар маро ба оғӯш гирифта, сару рӯямро сила карда мебӯсиданд. Аз тарафи майдон овози гирьяи Комила ба гӯш мерасид.
— Модараш зад, — гуфт Фаттоҳҷон, — дурраи фаранги модараша даррондааст.
— Вай ба ин ҷо омад? — пурсидам аз уқоҳоям.
— Не, наомад, — баробар ҷавоб доданд онҳо. — Дар таги майдон нон хӯрда мегашт, ки модараш омад, дурраи даридаро дида, дод гуфту зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё