Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

АдабиётҲикояКӯдакон
Аз аввал хондан

ту барин не, хасу хошок ба он кам мечаспад, ҳама ҷойро мӯйрезаю мӯйпеҷҳо намегиранд). Инаш ҳам нағз. Ин ба баъзеҳо нафорад ҳам, раво-раво ҳама ҳамин хел мешаванд. Ҳо, онҳо аз кӯчаҳо қатор-қатор гузаранд, чӣ хуб? Э, хондагиҳо бисёр шаванд-э. Муаллим ҳамсояи дасти рост. Духтур ҳамсояи дасти чап. Ҳисобчӣ ҳамқишлоқ. Инженер ҳам ягон қаробат дорад. О, ин ифтихори деҳа-ку. Э, ҷавонон хондан гиранд-э.

Ва Моҳигул дар тахайюлаташ Хуршедро дар миёни ҳамон духтарони мутахассис медид. Миёни онҳо духтарашро дида тахмин мекард, ки рӯзе вай ҳам «раҳқиро деҳ, бибиҷон, ба институт меравам» хоҳад гуфт. Эҳтиётан панҷ-шаш танга пасандоз намуд. Аммо Хуршеда чӣ кор кард гӯед? Ба бозор рафту на ба худаш, балки барои модараш куртае харид.

Нурҳои хуршеди оламтоб ба шишаи даричаҳо зада алмососо медурахшанд. Села-села ғунҷишкакон дар шохаҳои бед чириқ-чириқ хониш мекунанд. Моҳигул ба поёни боғ мефарояду сар бардошта, ба ағбаи офтоббаро менигарад. Сари ағба гӯй ба авҷи аъло мерасад.

Ағба. Ағбаи муроди модар: сӣ сол муқаддам вай тез-тез ба ҳамин ағба мебаромад. Аз он тарафи ағба рамаи Раҳмон — падари Хуршеда тунук ва парешон шуда меомад. Ду рама ба дордорашон гӯш накарда, ба ҳамдигар ҳамроҳ мегардид. Гӯсфандҷудокунӣ баҳонаю онҳо ба дидори якдигар мерасиданд.

Моҳигул пагоҳии бармаҳал ба кӯчарӯбӣ мебаромад ва медид, ки касе ба таги дар лола монда рафтааст, лоларо монда, аммо орзуяшро дар дил пинҳон карда рафтааст. Вале, дар дилу дидаи Моҳигул фақат Раҳмонҷон буд, он вақтҳо. Вале Моҳигул ҳанӯз на ваъда дода буду на ваъда гирифта. Вақте шуд, ки пуштаи кӯҳ машқҳои ҳарбӣ гардид. Мардони деҳа аз кор баромада меомаданду ба пуштаи кӯҳ мебаромаданд. Сонӣ, амру фармонҳои «Як ду се, ба чап, ба рост, бихез, бидав, бихоб» пасту баланд шунида мешуданд. Шақаршуқур шамшерзанӣ, найзаҷанг, трататаи пулемётҳо замину осмонро ба ларза меоварданд. Машқҳо шабу рӯз идома доштанд. Сонӣ сафи ҷавонмардони паҳлавон рахна шудан гирифт. Онҳо як ба як аз деҳа рафтанд. Раҳмонҷони Моҳигул ҳам гӯё таҳи дили ӯро нафаҳмиду орзуяшро писанд нанамуд. Уфф, он лаҳзаҳо ба ёд

пешина
аз 37
навбатӣ