Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Моҳигул дар варақи дигаре тасвири баргеро дарёфт, ки ба сурати дили одам монанд буд. «Баҳори ман, умеди ман, хушрӯи ман, хушбӯи ман...» Оҳ-о, ин хати Хуршеда-ку. Мурад одам, ки гапи дигар наёфта хушбӯи ман гӯяд. Хушбӯ буданашро аз куҷо медонӣ? Орзую хаёл ҳам ба ҳаддаш будагист, охир?! «Баҳорашу хушрӯяшу хушбӯяш» баногоҳ фалокате ба сари вай наорад?! Хӯш, кист он хушбӯ? Шояд Хуршеда гулро дар назар дошта бошад. Воқеан, чаро вай аз баҳри хондан баромад? Ба институт нарафт?

Торҳои асаби Моҳигул таранг мешаванд. Ӯро фикри мағшуше фаро гирифта, фишор медиҳаду саросема мекунад. Боз китобҳоро варақ мезанад. Ана, албом. Аз афташ, сурати ин ҷавони бераҳакунанда дар қабати албом меистод. Қошӣ, худи вай ҳоло дар ин ҷо мебуд, агар ҳамин ҷо мебуд, Моҳигул як торсакӣ ба ин рӯяш мезаду як торсакӣ ба он рӯяш. Оре, аламашро мегирифт... Не, зада-зада ба пеши модараш мебурд.

Дар албом, дар ҳақиқат сурати вай ҳанӯз меистод. Як тараф духтарон — ҳамсинфони Хуршеда, дар тарафи дигар — ҷавонмарди болоқади газгӯште. Гӯё вай муқобили офтоб истода бошад, сараш андаке хам, пешониаш чин-чин, ба Хуршеда бо қираи чашм менигарад. Нигоҳи дилфириб. Нигоҳҳоят хушк шавад, рӯҳунук.

Моҳигул дафъаи аввали ин суратро дидан онро чоппа карда пурсида буд, ки вай кист?

«Ту намешиносӣ, пармачӣ. Дар мактаб вохӯрӣ шуд. Ин кас аз корашон ҳикоя карданд. Қарори ман дигар шуд, бибиҷон, кончӣ мешавам», — ҷавоб дода буд он рӯз Хуршеда.

— Оре, духтарро шинохтан номумкин. Хандида-хандида дил мерабояд, гириста-гириста абгор мекунад...

Ҳамсабақҳои Хуршеда имсол як фикру хаёл доштанд. Мактабро ки хатм карданд, ба шаҳрҳо мераванд. Орзуяшон институт. Институт онҳоро аз деҳаашон кашида мегирад ва мебинӣ, ки гӯлу шармгинакҳо ба калонсолҳо дарс медиҳанд. Туфлиҳои пошнабаланд мепӯшанду куртаҳои ихчаму навдӯхта (куртаҳои ту барин не, ки ба хасу хошок андярмон шаванд), мӯяшон дар сарашон шоҳ ва ё ки лӯнда (ин ҳам нағз, сари хӯваи

пешина
аз 37
навбатӣ