Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин набардро аллакай башарият бохтааст. Мисоли одӣ, чаро инсон ин қадар ба смартфону планшетҳо дил бастааст? Яке аз сабабҳояш ҳамон шабакаи иҷтимоӣ аст, зеро дар ин шабакаҳо одам худро шахси даркорӣ ҳис мекунад, ба ӯ дар он ҷо назар ба зиндагии ҳаррӯзааш шавқовартар аст, суҳбат бо дӯстон тавассути ҳарфаку суратак муошират намудан аз сухани табиӣ бо шахси зинда афзалтар аст. Ин ҳолат ба дур шуда рафтани одам аз одам, дӯсту хешу наздикон ва гум кардани малакаи одии муоширати байни ҳамдигар оварда мерасонад. Ҳадафи асосии тамоми ин шабакаҳо ва таъсири худи интернет тавассути экранҳо – беҳуда гузаронидани вақт аст.
Тамоми ин баҳсҳо хотираҳои солҳои зиёд хуфтаи Анӯшервонро гӯё аз нав зинда намуданд. Ана Анӯшервон нав хонадор шудааст, арӯси нозанин меҳмони нави хонадони онҳост. Ҳамсараш хело ҷавон аст ва таҷриба ками зиндагӣ ғуруру якравии ӯро равшантар ошкор менамояд. Акнун моҷарои аввалини онҳо ба хотираш меомад, ки сабабгори он шабакаи иҷтимоӣ буд. Бале ҳамон шабакаи иҷтимоӣ, ки то ба имрӯз сабабгори вайрон шудани ҳазорҳо оилаҳои ҷавон ба шумор меравад.

пешина
аз 161
навбатӣ