Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аммо Анӯшервон ҳамсари худро саривақт аз беҳуда сарф кардани умри худ ва аз доми ин шабакаҳо раҳо карда тавонист, ҳарчанд ин кори хело душвор буд. Зеро васвасаи экрану шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ инсонро раҳо намедиҳанд, аммо ба Анӯшервон ин кор муяссар шуд. Ҳоло он лаҳзаи ҳаёт пас аз чандин соли зиндагии якҷоя барои ӯ хандаовар менамуд, аммо дар он шабу рӯз вақти ханда набуд, бояд амал мекард, ки оилаашро аз даст надиҳад. Чигунагии ҷалби шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамагон маълум бошад ҳам, аммо ҳанӯз одамон, аз ҷумла ҷавонон бе он ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ҳаёти ҳақиқӣ маҳз дар шабакаҳост ва бояд ба онҳо тақлид кард, рафтору кирдорро тағйир дод ва «ҳамқадами замон» буд, аммо оқибатҳои дур шудан аз воқеияту ҳақиқати зндагӣ, канораҷӯиву дар ниҳоияти кор ба як навъ махлуқи фориғ аз воқеият мубаддал гардиданро на ҳар кас дарк мекунад.
Ё ҳодисаи бо ҳамкор ва дӯсти наздикаш рухдодаро ба хотираш овард, ки бечора аз таҳдиди интернетӣ хело азоб кашида буд. Аниқтараш аз беэҳтиётияш, ки хоси хислати ҷавонмардони муҷарради имрӯза мебошад.

пешина
аз 161
навбатӣ