Фарзияи усто Салим

Ногаҳон фазои то ин дам ором ва муҳити як навъ ботантанаи маҷлиси мазкурро хандаи баланду тамасхуромези мардона халалдор намуд. Ин кирдори беибо чунон ғайричашмдошту бешармона буд, ки аҳли нишаст ва аз ҳама бештар, директори нашрияро ба ҳолати ногувор овард. Кулли 120 нафар корманд, яку якбора ба самте, ки хандаи баланд садо медод, гарданҳои худро тоб доданд, ки ин ҳаракати табииро бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳатто хареографҳои машҳури дунё ба тарзи синхронӣ иҷро карда наметавонистанд.
Хайрият баъди ду дақиқаи ноҳинҷорӣ ва ҳамзамон ҳолати аҷоиб, хандаи баланд ногаҳон қатъ гардид. Дар толор хомӯшии ғайриодӣ ҳукмрон шуд. Ягона садое, ки ин оромиро халалдор мекард, садои таппиши қалбҳои аҳли толор буд.
Пас аз чанд лаҳзаи хомӯшӣ, ҳамон нафаре, ки бо ин рафтораш ҳамаро ба ҳайрат гузошта, сардорро қариб сактаи дил мекард, бо овози баланду боэътимод хитоб намуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё