Фарзияи усто Салим

– Рафиқ сардор, шумо як чизро бояд мушаххастар ба мо мефаҳмондед, ба кормандон аз ин фармоиш фоидае нест, мо барои шумо фақат асбоби фоидаовар ҳастему халос, шумо ва танҳо шумо фоидагирандаи асосии ин бозӣ ҳастед! Ин ҳаст ҳақиқати талхи зиндагӣ… – тантанавор хитоб намуд ин марди тақрибан 60–65-сола.
Ҳамзамон, пас аз анҷоми дар воқеъ ҳам суханҳои дағалона мард бовиқор аз курсӣ хеста ба самти баромад равон шуду дарро бо шаст аз берун пӯшид.
Агар хонандагони азиз, шумо низ ҳамон лаҳза дар толор менишастед ва ба сӯи роҳбар назар мекардед, яқинан чеҳраи раҳмовари ӯро дида дилатон месӯхт, зеро ин гуна ҳолат бори аввал бо директор рух дода буд.
Акнун, чашмони аҳли толор ба самти роҳбар дӯхта шуда, ҳама дар фикри он буданд, ки чӣ мешуда бошад? Лекин чизе нашуд, зеро пас аз дақиқаи сукут, роҳбар ғазаби худро, ки чун вулқон дар ҷӯшу хурӯш буду ин туғён аз чеҳраи суп-сурхшудааш дарак медод, худро ба даст гирифта, ҳатто кӯшиш намуд табассум намояд, аммо ин табассум бештар ба ларзиши мушакҳои гирди даҳон монандӣ дошту халос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё