Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шумо чӣ, айба намедонед? Мардаки сад кас медидагӣ, профессори донишгоҳи маъруфи кишвар, ки ҳазорҳо шогирдро тарбия мекунад, кадрҳои ояндаро барои рушди кишварамон тайёр мекунад. Ё инаша бинанд, полковник, обрӯи шумо аз профессор ҳам дида бештар, зеро аз шумо метарсанд, аниқтараш аз рутбаи шумо, айба намедонетон, ки ба аҳволи ин марди бадбахт механдеду ӯро зинда ба зинда гӯр мекунед, бале гӯр, зеро он паноҳгоҳ, маҳз бо ҳамин ҳадаф, яъне пурра аз хешу табору наздиконаш кандани Салимҷон, ягона бародарам ва дар ниҳояти кор куштани ӯст. Лекин ман ин корро чунин намемонам, ба тамоми идораҳо муроҷиат мекунам, шумо аз ман руст карда наметавонед ин паноҳгоҳатонро. Дар куҷост он ҷои хилват? То ҳол дер нашудааст, гӯед, вагарна ба зӯрӣ маҷбур мекунам, ки иқрор шавед, дар назди қонун ҷавоб медиҳед, номардҳо.
Ягон кас ҷуръат намекард, ки ҳатто ба сӯи ин зан назар кунад, зеро аз шасту сиёсаташ тарсида, чӣ гуна рафтор намуданро намедонистанд.

пешина
аз 161
навбатӣ