Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Илтимос, накушо Салимҷон ин хоҳарат моро чашми дидан надорад, ту медонӣ-ку вай чӣ қадар ману полковникро бад мебинад, – бо овози ларзон ва ҳаяҷони ногаҳонӣ пастакак хоҳиш кард профессор.
– Бигузор биёяд, мо чӣ кӯдакем? Чӣ кор мекунад бо мо? Ҷонамонро намегирад-ку, – як навъ бо овози бардам хитоб намуд полковник.
Хулоса, усто Салим дигар роҳе ба ҷуз аз кушодани қулфи дар ва даъват намудани хоҳараш надошт.
Ҳамин ки дар кушода шуд, зани қоматбаланд, бо нигоҳи оташинаш ба бародараш аҳамияте надода, устуворона, мисли модашери шикорӣ ба меҳмонхона даромад.
Воқеан чӣ гуна ин зан новобаста аз синнусолаш, зебо аст, ҳатто ҳангоми дар ғазаб буданаш боз ҳам ҷаззобтар менамояд,- аз сар гузаронд Анӯшервон.
Пас аз лаҳзаи аз назар гузаронидани Анӯшервону полковнику профессор, ки дар меҳмонхона шах шуда монда буданд, охиран зан, ки аллакай қаҳраш каме пасттар шуда буд, ба онҳо муроҷиат намуд:
– Фаҳмо-фаҳмо, боз як аблаҳи дигарро ба аъзогии клубатон қабул кардед, – гуфта ба Анӯшервон ишора намуд зан, – хуш омадед, ба ин ҷамъомади дӯстон, ки аз экранҳо безоранду бо фарзияҳояшон тамоми навовариҳои технологияҳои муосирро чашми дидан надоранд.

пешина
аз 161
навбатӣ