Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Имрӯз, ки фазои корхона ором ва кулли кормандон бо сабаби шунидани хабари хуши мукофотпулӣ хело хушҳол буданд, Анӯшервон нияти дидорбинии дӯсташро кард. Баъди хӯроки нисфирӯзии кутаҳ, ки одатан бо ҳамроҳи рафиқаш Умед дар ошхонаи наздики нашрия мегузаронид, ӯ ба утоқи кории мӯйсафед рафт. Дар қулф буд. Дар нашрия ӯро аллакай як моҳ боз надида буданд.
– Шояд ӯ бемор шуда бошад, – тахмин кард Анӯшервон, – яқин бемор шудааст, зеро як моҳ боз надидани ҳамкор аллакай тааҷҷубовар аст. Ҳеҷ набошад одатан ду-се рӯз пас якдигарро дида, агар суҳбат ҳам намекардем, аммо ақаллан салом дода мегузаштем, – аз фикр гузаронд ӯ.
– Кай мукофотпулиро медода бошанд-а? – ба дӯсташ муроҷиат намуд Умед ва ҳамзамон қадаҳи пур аз қаҳваро ба дасти росташ дошта, бо дасти чап чизеро дар компютер чоп мекард.
– Анӯшервон, ман шуморо намедонам, аммо дар масъалаи пул бетоқатам, ҳамин агар донам, ки дар корти бонкӣ маош гузаштааст, ҳамон рӯз, дарравакак пулро аз суратҳисобам покиза гирифта, дар ҷайбам нигоҳ медорам.

пешина
аз 161
навбатӣ