Фарзияи усто Салим

Намедонам барои чӣ бошад, агар пулам дар бонк монад, каме худро нороҳат ҳис мекунам, тасаввур мекунам, ки бонк муфлис мешавад ё ягон нохушие рух дода пулам месӯзад, ҳарчанде ки пули зиёд ҳам нест. Шояд ин тақозои табиии худмуҳофизатӣ бошад, аммо дар зери болишт нигоҳ доштани пулҳоям назар дар бонк буданаш ба дилам осудагӣ мебахшад. Шумо чӣ, дӯстам, маошатонро дар куҷо нигоҳ медоред? – гуфта ба Анӯшервон, ки машғули иҷрои супоришҳои нави роҳбарият буд, муроҷиат намуд.
– Ман дар ягон ҷо захира намекунам, зеро барои захира намудан то охири моҳ ягон тин намемонад, ҳамааш сарф мешавад. То чӣ андоза даромад зиёд шуд, ҳамон қадар талабот зиёд мешавад. Масалан, агар маошат фарз кардем 2000 сомонӣ бошад, хароҷоти рӯзгоратро ба ҳамон маблағи доштаат туғрӣ карда мегузаронӣ, агар маошат 10000 сомонӣ бошад ҳам, хароҷот низ афзуда, ин пулҳоро низ сарф мекунӣ, зеро талабот бештар мешавад, либоси беҳтар мепӯшӣ, мошини хубтар мехоҳӣ, ҳатман хоҳиши ба хориҷа сафар кардан пайдо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё