Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Директор низ имзо гузошту ӯро аз кор озод намуд. Бечора ҳатто аз мукофотпулӣ хабар надорад.
Пас аз шунидани ин хабар қиёфаи Анӯшервон тағйир ёфт, чӣ гуфтанашро надониста, пас аз лаҳзае аз утоқ барои рост кардани нафасаш ба саҳни ҳавлии бино баромад.
Аризаашро супоридааст, қариб як моҳ боз аз ӯ дараке нест, яқин аст, ки ба дохили паноҳгоҳ рафтааст.
Аз ин маълум мешавад, ки хоҳараш низ ягон таъсир расонида натавонист, эй мӯйсафеди якрав, чӣ бояд кард акнун? Хуб, аввал як хонааш меравам, шояд ман хато кунаму ӯ дар хона бошад. Ҳа, рафтан даркор, – андешаҳо дар сари Анӯшервон вирд мезаданд.
Ӯ барвақттар аз кор баромада, барои пайдо кардани усто Салим сӯи хонаи мӯйсафед раҳсипор гашт.
Аллакай рӯзҳо кӯтоҳу торикӣ зуд меҳмони шаҳр мешуд. Мавсими хазонрезӣ, кӯчаҳои шаҳр пур аз талчаҳои барги зарданд, ки одатан пас аз рӯбучини фаррошон пайдо шудаву интизори мошинҳои хизматрасонии манзилию коммуналӣ ҳастанд.

пешина
аз 161
навбатӣ