Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарчанд даҳ дақиқа боз Анӯшервон дари усторо мекӯфт, аммо касе онро боз намекард, – не, ӯ дар хона нест, вагарна дарро ҳатман мекушод. Бояд ман ӯро ҳафтаҳои гузашта суроғ мекардам, ҷин занад ҳамин фармоишҳои директору ҳамин корхона, – аз ғазаби зиёд зери лаб ғур-ғур мекард ӯ.
Ногаҳон дари ҳамсояи рӯ ба рӯ кушода шуд. Зани тақрибан биступанҷсола бо ғазаб ба Анӯшервон нигоҳ намуду садо баланд кард, – э чаро ин қадар тарақ-туруқ мекунед, нест мӯйсафед, хонаашро ҳафтаи гузашта ба фурӯш гузошта буд. Ба фикрам, ҳатто касе аллакай харидааст. Бояд рӯзҳои наздик таъмир кунанд.
– Мебахшед, мабодо шумо намедонед ба куҷо рафт мӯйсафед? пурсон шуд Анӯшервон.
– Ростӣ намедонам, мо кам гап мезадем, мӯйсафеди камгап буданд, – гуфт ҷавондухтар.
Анӯшервон куҷо рафтанашро намедонист, ҳатто суроға ё рақами телефони полковнику профессор ва хоҳари усторо низ надошт. Аз сабаби он ки ӯ хело монда шуда буд, ягона хоҳишаш ҳар чӣ зудтар хона рафта каме истироҳат кардан буд. Пас аз дақиқаҳои сукуту андешаҳои зиёд, ахиран ба самти хонааш равон шуд.

пешина
аз 161
навбатӣ