Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Роҳбар саросемавор толорро тарк намуда, ҳатто бастаи варақҳои пур аз маълумоташро дар рӯи миз гузошта рафт. Шояд аз эҳсосоти баланд сонияе ҳам дар он ҷо истодан намехост?
Дар рӯзи истироҳат Анӯшервон бо ҳамсару писарчаи хурдакакаш ба боғи Ирам рафтанд, ин хоҳиши деринаи Нигинабону буд, зеро бо сабаби серкории шавҳараш фурсати ягон ҷойи тамошо баромадан барои онҳо муяссар намешуд.
-Дадеш, чӣ гуна ин боғ зебо шудааст, кай боз наомада будем, ёд доред се сол пеш омада будем, бале, тақрибан се сол пеш, Рустамҷонамон ҳанӯз яксола буд, – айнаки сиёҳашро ба чашмонаш гузошта ва бо дасти рост дасти писарашро қапида гуфт Нигинабону.
– Бале азизам, бениҳоят зебо шудааст боғ, аммо истодани мо дар ин ҷо танҳо то нисфирӯзист, аниқтараш то баланд шудани ҳарорати ҳаво бояд сайругаштамонро анҷом диҳем, зеро дар гармӣ ҳам боғу ҳам роғ тафсон мешавад, – гуфт Аӯшервон.

пешина
аз 161
навбатӣ