Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тамоми сохтмони ин воқеан ҳам лоиҳаи бузург тӯли шаш сол давом ёфта, онро худи усто Салим анҷом додааст.
Анӯшервон, аз чунин як сохтмони воқеан олӣ, ки дар ҳаёташ надидаву танҳо дар филмҳои фантастикӣ тамошо кардааст, ба истеъдоди бинокории усто қоил шуда, чӣ чиз гуфтанашро намедонист.
Мӯйсафед ин тааҷҷуби дӯсташро пай бурда, даъвати ба курсӣ нишастан намуд. Полковник, ки чандин маротиба меҳмони кулба буд, оромона бо рӯймолчаи сафеди пахтагин арақи пешониашро пок намуда, дар рӯйи курсии кунҷи хона нишаст. Дар ҳуҷрача тамоми шароит барои кор мисли мизи калони чӯбин, ҷевони китоб, ки дорои тақрибан беш аз якуним ҳазор китоб буд, ҷойгир шуда буданд. Аз тарафи рости хона кати хоби усто гузошта шуда буд. Ду рафиқ, ки дербоз пазмони якдигар буданд, хурсандии худро бо нигоху табассумҳои гармашон ифода мекардан.

пешина
аз 161
навбатӣ