Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Усто, пиёлаи чойро ба Анӯшервон дароз намуда, худ дар рӯ ба рӯяш нишаст.
– Узри зиёд, ки як моҳ боз бо ту тамос нагирифтам, писарам, барои ман каме фурсат лозим буд, ки ҳама чизро ҷо ба ҷо намоям. Акнун ки ба мақсадам расидам, хостам туро бубинам, зеро ба ҷуз аз тую полковнику профессор ва як-ду хешу табор дигар шахси наздик ҳам надорам.
Анӯшервон бодиққат суханони ҳамсуҳбаташро гӯш мекарду, аз тағйироти мусбат дар симову ҳолати рӯҳии усто Салим ба тааҷҷуб меомад. Мӯйсафед назар ба як моҳи пеш хело болидарӯҳу хушбахт менамуд, он асабонияту хашмгинӣ ба оромию нармӣ мубаддал гашт. Ҳаракатҳояш орому бардам буданд, – наход ин тағйиротҳои мусбат пас аз зистан дар паноҳгоҳу танҳоӣ ба вуҷуд омада бошад? –худ ба худ андеша мекард Анӯшервон.
– Ман суҳбатҳоямонро оид ба таъсири экранҳо ва умуман зиндагӣ пазмон шудам, шумо яку якбора ғайб зада рафтед, магар ин аст дӯстӣ, охир як даҳон ҳам нагуфтед, ки чунин нияту мақсад доред, ман шояд дар ягон масъала кумак медодам?

пешина
аз 161
навбатӣ