Фарзияи усто Салим

– Озодӣ – муҳимтарин неъматест, ки Худованд барои инсон бахшидааст. Ягон ганҷи ин замин ба озодӣ баробар шуда наметавонад, дӯстам. Аммо аз дасти ин экрану экранчаҳои сабилмонда, инсон аз озодӣ маҳрум аст, ӯ гирифтори васвасаи экранҳост, маҳз аз ин сабаб, ҳатто сонияе бе телефону телевизор худро тасаввур карда наметавонад, пас куҷост озодиву куҷост инсони озод? Акнун, ҷинояткорро шарт нест, ки аз озодӣ маҳрум кард, кофист, ки як телефони замонавиро тақдим кунеду бас, зеро пас аз ин инсон хоҳу нохоҳ худ озодиашро ба ин экранчаҳо месупораду халос.
Ҳаяҷони усто, ки ба оташфишонии вулқон монанд буд, каме паст шуда курсии каҷшударо рост мондаву нишаста боз давом дод:
– Пас аз ин кашфиёти аҷиб, ман ба хулосае омадам, ки зидди ба ном «тараққиёт», ки ба андешаи ман ин тараққиёт нею балки таназзули башарият аст, ягон кор карда намешавад. Рӯз аз рӯз ин таҷҳизот моро ғасб кардан мегирад, аз онҳо ҷои гурез нест дигар. Аввал ман ният доштам, ки дар ягон ҷои дурдасти кӯҳистоне, ки пойи инсон нарасидааст, кулбае сохта, боқимондаи умри худро дар оромӣ, бе хавфи экрану мавҷҳои электромагнитӣ гузаронам, аммо ин чиз ба ман муяссар нашуд, зеро ширкатҳои мобилӣ рӯз аз рӯз манораҳои бузурги мобилии худро саросари кишварамон, ҳатто дар кӯҳистону биёбону тамоми сайёра сохта истодаанд, аз мавҷҳои электромагнитии онҳо халосӣ нест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё