Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ногаҳон ман ба худ суол додам, ки чаро аз ин экрану экранчаҳои дар гирду атрофам ҳарос дорам? Ба ғайр аз вақтро беҳуда гузаронидан, ба ахлоқи мо таъсири бад гузоштану ба саломатиамон зарари бад расонидан ва ҳазорҳо таъсири манфии дигар, чӣ чиз аст, ки аз ин таъсироти бад боз ҳам бадтар бошад? Хулоса ин суолҳо маро азоб медоданд ва дар ниҳояти кор посухи беҳтарин пайдо шуд, ки тамоми чизро барои ман равшан кард… – Мӯйсафед бо нигоҳи озмоишкорона ба чашмони Анӯшервон назар карду пас аз чанд лаҳзаи интизорӣ боз ба сухан шурӯъ намуд.
– Муҳимтарин чизеро ки мо бо сабаби экранҳо аз даст медиҳем, озодӣ аст! – Бо садои мутантан хитоб намуду аз курсӣ бархоста рост истод мӯйсафед. Аз ин ҳаракати тези ӯ курсӣ ба қафо, ба тарафи девор дакка хӯрду аз садои баланд Анӯшервону полковник як қад париданд. Китоби полковник аз даст афтода саҳифае, ки қироат мешуд, мобайни саҳифаҳои дигари китоб маҳфуз монд.

пешина
аз 161
навбатӣ