Фарзияи усто Салим

чашмам ба як маҷаллаи хоричӣ афтод, ки дар он оид ба
8 бункерҳои замонавӣ мақолае чоп шуда буд. Ман бодиққат онро хонда, ба хулосае омадам, ки аз бункер дида беҳтарин макон барои ҳимоя аз ҳама гуна экрану мавҷҳои электромагнитӣ ёфтан номумкин аст. Аммо аз сабаби он ки фармоиши чунин як бункер хело гарон буд, ман тасмим гирифтам, ки арзонтар бо қувваи худ шабеҳи чунин як паноҳгоҳро бисозам. Аз ин лиҳоз, маблағи тӯли ҳаётам ғуннамудаамро сарф карда, ин ҳавлиро дар ҷои дур аз шаҳр харидаму пинҳонӣ аз паи сохтанаш шудам. Албатта ин кори душвор буд, зеро маблағи зиёде лозим шуд ва ман ҳатто ҳуҷраи худро як моҳ пеш фурӯхта қарзҳои аз полковнику профессор гирифтаамро баргардондам. Бе кумаки дӯстон ин чиз барои ман муяссар намегардид, то охирин лаҳзаи ҳаётам аз онҳо миннатдор мемонам. Ягон кас оид ба паноҳгоҳ ба ҷуз аз шумо маълумоте надорад. Ина бин дӯстам, ин кулбаи зебоям тамоми шароит барои зистро дорад, аммо ягон экрану таҷҳизотеро, ки ба ман зарар бирасонад дар он ёфта наметавонӣ.
8 Бункер – бинои мустаҳкаме, ки барои ҳимоя ва мудофиа бунёдгардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё