Фарзияи усто Салим

Паноҳгоҳам китобхона, анборхона бо захираи 5–7- сола ғизои консервашуда, ҷои хоб ва дигар чизҳои зарурӣ дорад. Акнун ягон мавҷи электромагнитӣ ба ман халал расонида наметавонанд, зеро дар рафти сохтмон ба ин ҷузъиётҳо диққати махсус додам. Бовар кунӣ ё на, аммо як моҳи ин ҷо зистанам худро хушбахту оромтар ҳис мекардагӣ шудам. Бештар рӯзи ман ба китобхонию мутолиа мегузарад. Ҳатто нақша дорам, ки рӯзҳои наздик оид ба эҳсосоту тағйироти бавуҷудомада, аз ҷиҳати равонию физиологӣ тадқиқот гузаронда, қайдҳо намоям, ки шояд барои олимони соҳаи тибу психология кӯмак расонад. Ростӣ, худро хело хуб ҳис мекунам. Аз ҳама муҳимаш он ки дар ин паноҳгоҳи маҳкам дур аз тамаддуну технологияву экранҳову одамони манкуртшуда худро озодтар ҳис мекунам…
9
– Чаро манкуртант? Зеро доктор «Google» ба ҷои онҳо фикр мекунаду халос…
То ин дам полковник, ки ба суҳбати ин ду нафар дахолат намекард, аз шунидани охирин далели усто
9 Google – бузургтарин системаи электронии ҷустуҷӯи маълумот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё