Фарзияи усто Салим

Салим, бетоқат шуда, аз курсии худ бархоста, ба назди онҳо қадам гузошт. Ҳар ду яку якбора аз шунидани садои қадаммониҳои марди азимҷусса ба тарафаш чашм дӯхта, интизори кадом як амали ғазабноке буданд, ки нигоҳи оташини полковник аз он шаҳодат медод.
– Офарин! Ҳазор бор офарин, офарин, ки худро аз таназзул халос намудед, шумо воқеан нобиға будаед, усто Салим, муҳим худи шумо наҷот ёфтаеду кулли башарият бигузор илоҷашонро ёбанд. Рӯз аз рӯз мағзашонро ин экранҳои лаъин шустан гиранд, бигузор писар модарро ва модар фарзанди худро дар дарё ғарқ кунад. Бигузор набера бибию бобояшро бист корд нею дусад корд занад, бигузор охирон пардаи шарм аз сабаби тамошои фаҳшу зӯроварӣ аз чеҳраи ҷавонон парида равад, бигузор иҷрои хоҳишҳои инсон, ки ғуломи нафсанд, ягона мақсади зинда мондани башарият шавад, бигузор мо-одамони берун аз паноҳгоҳ устуворона ба самти таназзули мутлақ босуръат бидавему комилан нест шавем… Муҳим усто Салим наҷот ёбаду ором бошад! Ман то ин дам шуморо бениҳоят эҳтиром мекардам усто, лекин акнун чашмонам кушода шуду ботини воқеии шумо ба ман маълум шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё