Фарзияи усто Салим

Дар ҳуҷраи хурдакаке, ки як нафар базӯр меғунҷид, мобайни хона як дона телевизори солҳои 90-уми асри гузашта ҷойгир буд. Аз дидани телевизор дар ин макони орӣ аз экранҳо ҳуш аз сари полковнику Анӯшервон парид. Ногаҳон усто Салим калтак дар даст бо тамоми қувват ба экрани телевизор, ки кадом як филми бадеиро нишон медод, чунон зарбаи сахт зад, ки шишаи экрани он кафида, дуди ғализе комилан хоначаро фаро гирифт.
Аз тарсу ҳаяҷони зиёд ва дуди нафасгир ду нафар аз ҳуҷра давида баромаданд. Лекин Усто Салим ҳанӯз дар хона буд ва садои бо калтак кӯфтани оинаи нилгун шунида мешуд. Усто бо тамоми қувваташ ба экран ҳуҷум мекард, зарбаҳои пайдарҳам бештар мешуд, аммо ҳанӯз ӯ мекӯфту мекӯфт, аз телевизор ба ҷуз аз якчанд пораҳои симу шиша чизи дигаре намонда буд. Он пора-пора шуда буд. Чунон ба назар мерасид, ки тамоми ғазабашро усто бар болои ин телевизор холӣ карда буд. Якчанд шишапораҳо дасту рӯи усторо захмӣ намуда буд, вале ӯ на ба захмҳои худ ва на ба қатраҳои хуне, ки аз дасту рӯи усто мечакид аҳамияте намедод. – Мана ба ту, сабилмонда, сарчашмаи тамоми бадбахтиҳои олам, гунаҳкори асосии таназзули башарият, мана ба ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё