Фарзияи усто Салим

Полковнику Анӯшервон бо чашмони пур аз ваҳму ҳарос ба самти дари пӯшида назар андӯхта буданд. Садо оҳиста-оҳита қатъ гардид. Пас аз чанде дар кушода шуду Усто Салим калавида-калавида аз хона баромад.
– Хуш дӯстон канӣ ки чӣ мегӯяд?
Ин суоли усто, мисли тарошаи аз бом афтода ду шоҳиди саҳнаи набарди одаму техникаро ҳушёр намуд.
– Моро ин рафторат тарсонд, дигар чизе намегӯям,- гуфта сарашро хам кард полковник. Анӯшервон бошад, нигоҳи донои усторо дида, пай бурд, ки зери коса нимкосаест ва чунон рафтори усто бесабаб нест.
Чунин ҳиллаҳои аҷиб хоси усто буд, ӯ ҳар фарзияашро дар асоси таҷрибаҳои худаш исбот мекард.
Нимхандаи Анӯшервонро низ усто пай бурда, бори дигар аз наздик будани хислатҳояшон ба ҳайрат афтод. Воқеан Анӯшервон ягона нафаре буд, ки ӯро хуб мефаҳмид, ҳатто хоҳараш, профессору, полковник, ки солҳои зиёд усторо мешинохтанд, чунин ҳассос набуданд.
– Чунин як рафтори ваҳшиёна бори дигар исбот кард, ки фарзияи ман дуруст аст. Одатан тарс, ки худ ҳиссиёти сахтарини махлуқоти олам аст, бидуни хоҳишамон моро фаро мегирад ва баъзан дар ҳолати тарс амалҳоеро иҷро мекунем, ки боварамон намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё