Фарзияи усто Салим

– Хӯш, ки бошад, шумо чӣ пешниҳод доред? – ба суоли усто бо суол муоҷиат кард полковник.
– Пешниҳоди ман одист дӯстонам – идора кардани тафаккури худ! Бале, тафаккури худ, инсон, ки соҳиби шуур аст, метавонад аз васвасаҳои экран раҳоӣ ёбад, дар ин кор танҳо бояд лаҷоми тафаккури худро мустаҳкам дошт, вагарна, он туро несту нобуд месозад. Ман як мисоли одӣ меорам, шахсе ба беморхона барои ташхис меравад, натиҷаи ташхис нишон медиҳад, ки ин мард дорои вируси норасоии масунияти одам аст, ӯ пас аз шунидани ин хабар бениҳоят ғамгин шуда, ҳатто қасди худкушӣ мекунад.
Пас аз се рӯз, он мард дар ҷои дигар аз ташхис гузашта, мефаҳмад, ки бемор нест ва ташхиси қаблӣ хато будааст. Аз шунидани ин хабари хуш хело хурсанд мешавад, аммо он азоби аз сар гузаронидааш бе асар намемонад, дар қалбаш эҳсоси тарс аз гузаштани таҷҳизоти ташхисӣ боқӣ мемонад. Ӯ акнун шахси пешина нест, эътимод нисбат ба ташхису духтурон нест мешавад. Бубинед, як хабари нохуш куллан рафтори инсонро ба зиндагӣ тағйир дода, ҳатто ба худкушӣ оварда мерасонад. Ман чӣ гуфтаниам, таъсири экранҳои лаъин низ мисли он хабари шумест ба мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё