Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лекин имрӯз чизи дигар буд. Албатта яку якбора мисли девона зада нобуд кардани телевизор шуморо ба ҳайрат гузошт ва ҳатто аз тарс беруни ҳуҷра шудед.
Вуҷуди шумо бовар кард, ки хатар асту бояд гурехт, аммо дар асл ин тавр набуд. Сабаби асосии баромада рафтани шумо аз хона, меҳр буд, на тарс…
– Ин хулосаи усто сабабгори хандаи баланди полковник шуд.
Усто бо шавқ ба хандидани дӯсташ нигоҳ мекард, Анӯшервон низ аз хандаи полковни ба завқ омада худ низ механдид.
– Бале меҳру дилбастагӣ! Шумо чунон дилатон ба ин асбоб сӯхт, ки шикасти онро дида натавониста, аз ҳуҷра баромада рафтед, акнун полковники азиз, шумо ба ман посух диҳед, ки чӣ гуна мо роҳҳои халосӣ ёфтан аз экранҳои маккорро пайдо кунем, агар ҳатто аз шикастани оинаи нилгун диламон рах-рах мешаваду онро дида наметавонем?
Полковник, маълум буд, ки фикри усторо дарк карда, ба идомаи суханаш гӯш медод.

пешина
аз 161
навбатӣ