Фарзияи усто Салим

Як бор хулоса бароред, чӣ тавр насли мо ба китоб муносибат мекунад, чанд маротиба дар як рӯз саҳифаҳои онро варақ мезанад. Албатта посухи ин суолро худатон аз ман ҳам беҳтар медонед. Маҳз чунин муносибати бад бо китоб сабабгори пайдо шудани экранҳо шуд, дурӣ аз маърифат роҳи экранҳоро кушод.
Инсон худро дар назди экранҳо бохт.
Ин гуна нуқтаи назари усто ба Анӯшервону полковник хело писанд омад. Сабаби рӯ гардонидан аз китоб экранҳои электронӣ аст, шояд бисёриҳо дар он ақидаанд, ки экранҳо давоми мантиқӣ ва шакли муосири мутолиа бошанд. Ба андешаи Анӯшервон ин фикри ғалат буд, зеро ягон экран мисли саҳифа қаробати хонандаву китобро намедиҳад.
– Акнун, азизони дил, тақдир муваззаф намудааст, ки мо, яъне ман, полковник, Анӯшервон ва профессор дар якҷоягӣ башариятро аз таназзул ва ғасби мунтазами экрану экранчаҳо ба қадри имкон, шурӯъ аз худаш, хонаводаи худ ва наздиконаш наҷот диҳем.
– Чӣ гуна? Бо садои баланд посух дод, полковник, – охир ин вазифаи ҳазл нест ва иҷрои он шояд ғайриимкон бошад, охир одамон китобро рӯи дидан надоранд, китобу китобхонро бад мебинанд, муаллим ва шахси китобдор аллакай гуфти ҷавонони муосир чизи мӯдшуда нест, фурӯшандаи бозор нисбат ба омӯзгори мактаб қадраш бештар аст, саҳифаи китоб барои қоғазпечи тухми офтобпараст истифода мешаваду халос, ҳа, боз барои як амали дигар, ки аз гуфтанаш шарм медорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё