Фарзияи усто Салим

Одамон вақти хондани китоб надоранд, онҳо безор аз китобанд, одами имрӯза беҳтараш ба наворҳои таҷовузу зӯроварию хушҳолкунандаю сабук нигоҳ мекунанд назар ба он ки як саҳифаи китобро варақ зананд. Акнун муҳтарам усто, шумо китобро чӣ гуна бар зиди экранҳои оламгир истифода мебаред, ин набард бӯи бохти китобро мекунад…
– Роҳи амалӣ намудани ин кор яктост – меҳри нуҳуфтаи инсонро нисбат ба китоб, ки бо сабаби беақлиаш аз даст додааст, дубора дар қалбаш бедор кардан! Як тасаввур кунед, ки одамон фориғ аз экранҳоянд! Ташвиш кам аст, маълумоти зиёди нодаркор кам аст, ӯ озод аст, ба хешу ақрабо рӯ меоварад, ба айёдати падару модари пираш меравад, ором аст, ягона дӯсти ӯ китоб аст, ин хушбахтӣ нест магар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё