Фарзияи усто Салим

10 Шояд усто Салим ҳамон нобиғаест, ки мисли Нютон қонуни қувваи ҷозибаро кашф кардаасту дар оғози кашфиёт касе ба ӯ бовар намекунад? – Чунин шоядҳо ба дили Анӯшервон шуълаи умед зам мекарданд.
– Хуб, Худо ҳофиз, дӯстонам, агар касе маро дар кор пурсид, гап занед, ки берун аз Тоҷикистон ба Русия кӯчидаам, чунин ҷавоб чаро яку якбора аз кор баромада рафтанамро мефаҳмонад, – хоҳиш намуд мӯйсафед.
– Ҳа, боз як чизи дигар, ин шанбе якта оши олиҷаноб мекунам, профессорро хотиррасон кунед, ки расо соати дувоздаҳу сӣ дақиқа ош кашида мешавад, боз дер накунанд! Баъдан оид ба натиҷаи часпонидани варақаҳо низ ба ман маълумот мерасонед, дар навбати худ ман қадамҳои дигарамонро дар самти раҳоӣ аз экранҳо ва рӯ овардан ба «аниси кунҷи танҳоӣ»
тарҳрезӣ мекунам.
Дар дили Анӯшервон шуълаи умед аланга зад.
Зиндагӣ идома дорад. Суҳбатҳо боқӣ…
Нютон – Асосгузори Қонуни Ҷозиба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё