Фарзияи усто Салим

Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ,
К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ.
Неки ӯро фасона дору шуд,
Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!
– Акнун бояд хоб кунам, пагоҳ кор зиёд аст, бояд хоб кард, хоб кард, -гуфта ҳақиқатан хобаш бурд.
Расо соати 8-00 Анӯшервон тугмачаи компютерашро гиронда, аз паи оро додани варақаҳои иттилоотӣ барои иштирокчиёни форуми дарпешистода шуд. Ҳамагӣ лоиҳаи 5 намуди варақаи иттилоотӣ ба ҳар кунҷи мизи кориаш гузошта шуда буд, одатан чунин бетартибиро дар фаъолияти одамони эҷодкор мушоҳида намудан мумкин аст, зеро онҳо ба ин нозукиҳои зоҳирӣ, аз ҷумла бетартибии рӯйи мизи корӣ аҳамияти зиёд намедиҳанду, бештар дар фикру кори эҷодияшон мебошанд.
Борҳо оид ба ин ҳолати мизи корӣ Сарвинозмудири корхона ва ҳатто директори нашрия Рауф Ҳикматуллоев дар маҷлисҳо ишора намуда буданд, аммо ин кӯшишҳои зиёд ягон натиҷае надоданд, зеро ҳушу хаёли эҷодкорон пурра ба самти офариниши маводи ороишӣ ва чашмонашон ба ғайр аз экрани компютер дигар чизеро намебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё