Фарзияи усто Салим

– Анӯш, субҳ ба хайр дӯстам, истироҳатро чӣ гуна гузарондӣ? Майдача чӣ хел? – гуфта бо табассуми самимӣ аз паси курсии Анӯшервон бо дастони сахташ китфони рафиқашро шӯхиомез маҳс намуд Умед.
Умед ҳамкор ва ҳамзамон дӯсти ҷонии Анӯшервон, ки дар тӯйи домодияш шоҳид буд, номи рафиқашро кӯтоҳ Анӯш гуфта муроҷиат мекард.
– Э бача, о пуштама наканӣ бо, дастота бин мисли дастони Рустами Достон чунон пурқувватанд, ки ҳатто тугмачаҳои компютер ба ангуштони оҳанинат тоб наоварда ҳар ҳафта мешикананд, – бо табассум ба дӯсташ муроҷиат намуд Анӯшервон.
Умед ҷавони тақрибан 34–35-солаи танутӯшдор дастони хело сермушаку мисли пӯлод сахт дошта, тақрибан даҳ соли охир ба бокс машғул буд.
– Гӯш кун, Умед, ин рӯзи ҷумъа бо усто Салим чӣ рух дода буд, чаро ӯ яку якбора директори бечораро титу тор намуд? – суол кард Анӯшервон.
– Охир садқаи директорамон шавам, вай ду моҳ боз маоши усторо боздоштааст, сабабашро аниқ намедонем, чунин мегӯянд, ки барои аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои нафақааш бошад, имрӯзу пагоҳ мисли тӯпи футбол аз муҳосибот ба маъмурияту роҳбарият давонида истодаанд бечораро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё