Фарзияи усто Салим

Ҳама медонанд, ки ӯ нафари хело гарданшах аст ва умуман фитнаҳову бозиҳои маъмуриятро тоқат карда наметавонад, аз ин сабаб он рӯз кафида, яку якбора тамоми ғазаби ҷамъкардаашро бароварду, толорро тарк намуда рафт. – посух дод Умед.
Умед, ки ба як кунҷи мизи Анӯшервон такя намуда, банди суҳбат буд, ногаҳон аз дур наздикшавии роҳбари шуъбаи дизайн – Муҳайё Яъқубоваро диду зуд ба ҷои худ, ки ду миз болотар аз мизи дӯсташ буд, гузашта нишаст. Пас гӯё, ки саргарми кор бошад, тез-тез тугмачаҳои клавиатураи компютерро чарақ-парақ пахш намудан гирифт.
Албатта, ин чиз аз назари роҳбари шуъба пинҳон намонд, аммо ин зани мудпарасти қоматбланду хело доно худро чунин вонамуд кард, ки гӯё чизеро надидааст. Баъдан Муҳайё, вазифаи худро хело дӯст медошт, аз ин хел вазъиятҳо моҳирона истифода бурда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи таассуроти нав буд ва тамоми найрангҳои корхона ӯро вақтчоқ мекарданд.
Одатан, ин зумра занони вазифаталабро дар тамоми корхонаҳои хурду калон вохӯрдан мумкин аст ва тамоми ҳастии онҳо аз худбоварии зиёд доштанашон шаҳодат медиҳад. Аммо онҳо, низ заиф буда, ғуломи ҳавасҳои зиёд мебошанд. Дар мавриди Муҳайё Яъқубова бошад, заифии ӯ дар ду чиз буд: аввал, шавқи шуҳрату эътирофи ҳамкорон ва дуюм бедор кардани ҳисси ҳасад аз ҷониби бонувони дигари нашрия ва умуман тамоми бонувони гирду атроф.
– Салом Анушчик, – бо лаҳни мулоим муроҷиат намуда, ба мизи Анӯшервон наздик шуд раиса,- корҳоятон чӣ хел? Дизайнҳои варақаҳои иттилоотиро қариб омода намудед? – пурсон шуда бо чашмони айёрона ба чашмони Анӯшервон назар афканд.
– Албатта, ман аллакай якчанд шакли дизайни маълумотҳоро дар компютер омода намудаам. – Анӯшервон аз бӯйи шадиди атри ширкати «Chanel», ки дӯстдоштатарин атриёти раиса буд, қариб ки дилбеҳузур шавад, худро базӯр дошта посух медод.
Сhannel – Ширкати Фаронсавии истеҳсолкунандаи атриёту либоса.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё