Фарзияи усто Салим

Пас аз чанд лаҳза ба утоқи шуъбаи дизайн ҳашҳашкунон котибаи раис Сарвиноз (Катюша) бо як асабоният зада даромада ин тарафу он тараф қадамзанон зери лаб чизеро тез-тез такор мекард.
– Ина бинана, хоҳиши раис будааст, о худатон вазифаи ҷониатонро иҷро кунед, ягон ҷоятон кам мешавад магар, ё вай шуморо мехӯрад зинда ба зинда, – ин ҳолатро дида Умед як истакон об дар даст ба самти Сарвиноз шитоб намуд.
– Катюша, о ба ту чӣ шуд? Чаро чунин асабию хотирпарешонӣ? Туро ягон бор ин хел надидаем, – гуфта аз чунин аҳволи ин зани чавон пурсон шуданд дӯстон.
– Медонам, надидаед, ман ҳоло худам ҳам аз чунин ҳоли зорам метарсам, тамоми баданам меларзад,- посух дод Сарвиноз.
– О чӣ шуд, гап зан охир, – бо ҳаяҷон пурсон шуд Анӯшервон.
Сарвиноз истакони пур аз обро бо як дамкашӣ холӣ карда, якбора уффи баланде бароварда, нафасашро рост карду оромона суханро оғоз кард.
– Медонед чӣ, ахиран баъди ду моҳи даводаву нофаҳмиҳо пардохти маоши усто Салим ҳалли худашро ёфт, албатта дар ин кор саҳми худи усто низ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё