Фарзияи усто Салим

– Не ман наметавонам, о ту медонӣ-ку ман боксчӣ, агар Худо накарда чизе гӯяду ба ман писанд наояд, худамро дошта наметавонам, ягон фоҷиае рух доданаш мумкин. Ана, Анӯшервон бошад, ором аст, ӯро ҳатто «дипломат»-и корхона тахаллус мондаанд.
Бигзор Анӯшервон равад, – гуфта пешниҳод намуд Умед.
– О чаро ман! – бо тааҷҷуб ҷавоб дод Анӯшервон, – ман ӯро хуб намешиносам, баъдан вай девонафеъл бошад, ин хатар барои ҳаётам аст.
Ногаҳон суханони Анӯшервонро садои фиқ-фиқ гиристани Сарвиноз, ки ба гиряи тифлаки бегуноҳе шабоҳат дошт, қатъ намуд.
– Сарвинозҷон, хоҳиш мекунам, ором шав, худата ба даст гир, э меравам ман, меравам, парво накун соат ҳозир даҳтакам дувоздаҳ, баъди хӯроки пешин квитансияро бурда имзояшро мегирам, лекин илтимос ором шав, – гуфта Сарвинозро ором кард Анӯшервон, зеро ҳаргиз дар назди оби дидаи ҷинси латиф бепарво истода наметавонист.
Умед як баста сачоқҳои қоғазинро ба ӯ дароз карду Сарвиноз ашкҳояшро пок намудан гирифт, аммо аз эҳсосоти баланд оби дидааш мисли қатраҳои борон мерехтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё