Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Сарвинозҷон, худата ба даст бигир, агар хоҳӣ мо ҳамроҳи ту меравем ба наздаш, мехоҳӣ? – гуфта таклиф намуд Анӯшервон.
– Не, ин чиз қатъиян имконнопазир аст, зеро усто Салим аз як нафар зиёдро ба утоқаш қабул намекунад, ҳатто агар бо телефон ё бо ягон таҷҳизоти элетроникӣ ба наздаш дароед, зада пеш мекунад шуморо, ин қадар инсони тундхӯ аст ӯ.
– Ман ҳайронам, ки чаро ин марди девонаро дар ин корхонаи бонуфуз роҳ дода бошанд. Зада пеш кардан даркор чунин сарзадаҳоро, – бо ғазаб хитоб намуд Умед.
– Ана бо ин суолатон ба роҳбари нашрия муроҷиат кунед, Умедҷон, – гуфта бо табассум посух дод Сарвиноз. Ногаҳон, ӯ лаҳзае сукут намуда, ба як нуқта ду чашмони калонашро, мисли оне ки роҳ дида истода бошанд, равона кард. Дар ниҳояти кор – Эврика!
Ёфтам! – гӯён хитоб намуд.
Аз ин садои баланд бачаҳо як қад парида, бо чашмони ҳайрон ба ӯ нигоҳ карда, ҳамзамон барои беҳтар шудани ҳолати рӯҳияи ӯ хурсанд буданд.
– Ёфтам, ба ҷои ман Умед меравад, пешниҳод намуд Сарвиноз.

пешина
аз 161
навбатӣ