Фарзияи усто Салим

Анӯшервон, тамоми ҷузъиёти имзогириашро нарезондаю начаконда ба Умеду Катюша нақл карда, таассуроташро аз ин марди аҷиб як-як нақл карда дод.
Боз дар давоми рӯз Анӯшервон чандин маротиба оид ба рафтори ғайриодии усто, аз ҷумла тарсу ҳаяҷони беандозаи ӯ нисбат ба телефони мобилӣ андеша мекард. Аслан, ин амал хело хандаовар низ буд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин рафтораш, мӯйсафед дорои қуввае буд, ки ҳатто одами тамоман ношинос ин таъсиротро ҳис мекард.
Ногаҳон садои телефони мобилии Анӯшервон, ки ҳамсараш занг мезад, риштаи фикрашро бурид.
Ақрабакҳои соат расо шаши бегоҳро нишон медоданд.
Аз анҷоми рӯзи корӣ як соат сипарӣ шуда дар нашрия ду-се нафари дигар монда буду халос, – бояд ман ҳам ба хона равам, – тасмим гирифт ӯ.
Қабл аз муҳлати омода намудани ороиши варақаҳои иттилоотӣ, Анӯшервон то нимаи якуми рӯз намунаи аввали маводҳои омоданамудаашро барои таҳрир ба суроғаи электронии раисаи шуъба ирсол намуд. Кулли кормандони нашрия банди супоришҳои худанд, зеро то баргузор гардидани форум вақт хело кам монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё