Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тақрибан 4 рӯз мешавад, ки Анӯшервон мӯйсафедро надидааст ва пас аз хӯроки пешин ният кард, ки як бор ӯро хабар гирад, зеро ҳанӯз шахсияти ин марди аҷиб барояш муаммо буд. Расо соати 12.30 ба ошёнаи дуюм баромада, чун ҳамешагӣ чароғаки телефон дар даст роҳрави торикро равшанкунон ба самти утоқ равон шуд.
Мӯйсафедро ҳеҷ гоҳ дар ошхонаи нашрия касе надида буд ва ӯ ба хӯроки пешин умуман намебаромад, ҳозир бо бовари комил гуфтан мумкин буд, ки усто дар утоқи кориаш аст.
– Устод, ин ман, Анӯшервон, як дарро боз мекардед, ман ба шумо санбӯсаи гуштӣ овардам, – гуфтан пас дарро оҳиста кӯфт. Воқеан, дар шафати нашрия санбӯсаҳои болаззати танӯрӣ бо гӯшти барраи қиммашуда омода мешуд, ки кормандони нашрия ҳафтае як маротиба барои рангин намудани хӯроки нисфирӯзиашон меҳмони ин нуқтаи фурӯши «Санбӯсаи танӯрии «Лаззат»» мешуданд. Санбӯсаҳои он назар ба дигар нуқтаҳои фурӯш сергӯшттару кампиёзтар буданд ва муштариёни зиёди ин хӯроки миллӣ аз тамоми гӯшаю канори шаҳр маҳз ба ин ҷо меомаданд.

пешина
аз 161
навбатӣ