Фарзияи усто Салим

ақаллан ягон чизе гуфтан омода шуда бо овози паст гуфт:
– Устод он чизе, ки шумо ба ман гуфтед, бароям нав нест, ман оид ба зарари технологияҳои муосир аз ҷумла телефону телевизион ва дигар технологияҳое, ки сабаби шуоъзании электромагнитӣ ҳастанд, бисёр хондааму дидаам, аммо фарзияе, ки тамоми бадбахтиҳои олам маҳз аз экран бошад, ростӣ барои ман чизи наву ихтилофнок мебошад.
Баъд аз чанд лаҳзаи хомӯшӣ ва бодиққат шунидани ҷавоби ҳамсуҳбаташ, мӯйсафед худро бениҳоят хушбахт ҳис кард, зеро вай гумон дошт, ки ин ҷавон ӯро девона гуфта, умуман посухе надода, утоқи кориашро тарк менамояд, аммо тавре ки маълум шуд, ҳамсуҳбаташ фарзияи ӯро то ба охир гӯш кардааст.
– Танҳо барои ин пешравӣ месазад, ки зиндагӣ кард, – фикр мекард мӯйсафед.
– Ташаккури зиёд писарам, барои имрӯз кифоя аст, – гуфта аз ҷояш хесту ба самти дар равон шуд . Ин ишорае буд, ки дӯсташ бояд аз паси кораш равад.
Анӯшервон инро дарк намуда, ҳамзамон аз курсӣ хест, телефонашро гирифту, бо чеҳраи каме хасташуда бо мӯйсафед хайрухӯш намуд, – ман акнун аз паси корҳоям мешавам, ташаккури зиёд барои суҳбати хело ҷолиб, – мӯйсафед бо қиёфаи хушнуд, ки шунавандаашро ёфта рози дил намуд, дасти ҳамсуҳбаташро фишурда, хайрухуш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё