Фарзияи усто Салим

Аммо ҳамин, ки Анӯшервон ду қадам гузошта аз дар баромаданӣ шуд, мӯйсафед бо овози ларзон ӯро фарёд карда гуфт,- писарам, як лаҳза сабр кун, – Анӯшервон истода ба тарафи мӯйсафед суоломез назар намуд.
– Писарам ту таоми миллиамон-оши паловро дӯст медорӣ?
– Албатта, ин хӯроки дӯстдоштаам аст.
– Беҳтарин, ману ду рафиқи наздикам, як одати дерина дорем, ҳар рӯзи шанбе дар хонаи ман ҷамъ шуда, бо навбат ош мепазем, ин анъана аллакай 20 сол боз давом дорад. Ҳатто, ба чунин нишастамон ном ҳам гузоштаем, ки «Клуби дӯстдорони оши палов» аст, албатта ин унвон ғайрирасмӣ аст,- гуфта, табассум намуд ӯ.
– Агар хоҳӣ пагоҳ, ки рӯзи истироҳат аст, биё, ошро “мепечонем”, ана суроғаи ман, – гуфта дар варақчае суроғаашро навишта ба Анӯшервон дароз намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё