Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ин манзараи зебо ва бӯйи хушу ҳаври оши палови бомазза, Анӯшервон оби даҳонашро фурӯ бурда, табақ дар даст ба самти меҳмонхона равон шуд.
-Оҳоо, тезтар биёр оша, - гӯён бо тантана яку якбора садо бароварданд ду марди тақрибан ҳамсоли усто Салим. Ош дар мобайни дастархон гузошта шуд.
Анӯшервон, ки шоҳиди ин лаҳзаҳо буд, аз хурсандии самимонаи мардони солхӯрда ба ваҷд омадаву интизори тезтар чашидани он хӯроки таърифӣ шуд.
-Дӯстон, ин ҷавони хубро, ки дар кашидани ош ба ман кӯмак намуд, мехоҳам ба шумо шинос кунам. Ӯ ҳамкори ман , дизайнери боистеъдод ва умуман инсони хуб, Анӯшервон аст, - гуфт усто Салим.

  • Хело хуб, - бо табассуми самимӣ ба Анӯшервон назар андӯхтанд ошноҳои усто, - муборак бошад, аъзои чунин «клуб» шудан ва чунин оши болаззатро тановул намудан дар ҳаёти инсон ин худ як комёбие ба шумор меравад, - гуфт яке аз мардҳо.
пешина
аз 161
навбатӣ