Фарзияи усто Салим

– Лекин ба як шарт, ошро расо соати 12.30 мекашем, агар дер кардӣ, мо интизор намешавем, биринҷ ланҷ шуданаш мумкин, фаромӯш накун 12.30, ман туро интизор мешавам, дӯстам, акнун Худо ҳофиз, – гуфта бо Анӯшервон хайрухуш кард мӯйсафед.
IV
Хонаи истиқоматии усто Салим, дар қабати чоруми бинои чорошёнаи бо хишти пухта сохташудаи солҳои 60-уми асри гузашта, дар канори шаҳр ҷойгир буд.
Одатан чунин биноҳои куҳнаи шаҳр, дорои ҳуҷраҳои хело танг буда, барои оилаҳои хурд пешбинӣ шуда буданд.
Анӯшервон, ки ба ғайр аз кӯчаи худ ва хонаи хусуру хушдоманаш, дигар кӯчаҳои шаҳрро хуб намедонист, як соат пештар аз хона баромада, барои кофтукови бинои рақами 37 , ҳучраи 12 шурӯъ намуд.
Дар ниҳояти кор, ӯ биноро ёфта, дар дасташ як тарбузи калон, ба ошёнаи чаҳорум баромаду дарро куфт.
Соат расо 12.20 шуда барои кашидани ош 10 дақиқаи дигар монда буд. Дарро усто Салим кушода, - зуд даро бачем, ки ошро мекашем-, гуфта саросемавор , ҳатто аз дасти Анӯшервон тарбузро нагирифта , ба сӯи ошхона шитоб намуд.
Анӯшервон дар даҳлез, боз якчанд пойафзоли мардонаро дида пай бурд, ки аъзоёни дигари «клуб»
аллакай дар меҳмонхонаанд.
– О, ту ҳоло ҳам надаромадӣ-ку писарам? Тарбуза тею дастонатро шуста, биё ба ошхона, ба ман кумаки ту лозим, вақти ошкашиам табақро медорӣ - гуфта боз ба самти ошхона равон шуд мӯйсафед.
Анӯшервон, фармони мӯйсафедро иҷро карда, табақи калони сафолинеро, ки 10 нафар ошхӯрро метавонист сер кунад, аз дасти мӯйсафед гирифту наздики дег истод. Усто Салим, моҳирона оши бо биринҷи «кенҷа» дам партофтаро, бо кафгир кашида ба табақ мегузошт, - оббоо, ина бина, ҳар кадом донаҳои биринҷ аз якдигар ҷудо мешаванд. Ту ин гуна оша ягон бор дидаӣ? Сад фоиз кафолат медиҳам, ки надидаву начашидаӣ, -гуфта бо як фахре аввал биринҷ, баъд сабзӣ ва дар ниҳоят лӯндаҳои гӯшти лаҳмро рӯи табақ гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё