Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Одати дигараш он буд, ки агар ягон масъала барояш баҳснок бошад, тоқияшро аз сар гирифта каллаи каммӯяшро бо ангуштони дасташ молиш медоду ҳамзамон кӯшиши пайдо намудани ҳалли муамморо мекард. Худ ба худ ба суханҳояш шубҳа мекарду боз чандин нуқтаҳои назарри донишмандонро далел меовард. Аз чӣ сабаб бошад, ки Анӯшервон назар ба профессор, ба полковник бештар эътимод пайдо кард, зеро дар замири Дилшод Султонов ҳиллагарӣ эҳсос намешуд.
Тааҷҷубовараш дар он буд, ки нақши усто Салим дар ин сегона аз ҳама муҳимтар буда, бе вуҷуди ӯ дӯстиашон маънӣ надошт, мустаҳкамии ин иттифоқ маҳз бо шарофати усто буд.
Хулоса, ин се рафиқ муддати 20 сол аст, ки дар хонаи усто Салим ҷамъ омадаву аз оши паловаш, ки воқеан олиҷаноб буд, нӯши ҷон мекунанд. Рафиқон боиштиҳо ош мехӯрданд, Анӯшервон низ қошуқро як тараф гузошту тавре ки усто Салим «печонед» гуфта таклиф намуд, ба печондан шурӯъ намуд.

пешина
аз 161
навбатӣ